СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №29 БАРГУЗОР КАРДА ШУД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 низ соати сиёсӣ бо тартиби муайян ва тибқи нақшаи Амалиёти муштарак доир карда шуд.  Соати сиёсиро дар муассисаи мазкур, сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон  Меҳроҷи Абдулҳаким  пеш бурда,  атрофи   ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар андешаронӣ намуда, иқдоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар самти роҳандозӣ намудани Амалиёти мазкур ва бо ин васила баланд бардоштани дарки сиёсии наврасону ҷавонон шоиста арзёбӣ кард.

Иштирокдорони соати сиёсӣ аз баргузории як соати озоду ошкоро он ҳам дар фазои сулҳу ваҳдат изҳори хушнудӣ намуданд.