ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ АМАЛӢ КАРДА МЕШАВАНД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар воқеъ илму маориф ягона самти афзалиятноки рушд додани ҷомеа ва ба ҳамин васила расидан ба ҳадафҳои неки инсониву фатҳи қуллаҳои эҷодист.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 бо иштироки директори муассисаи мазкур Сафоева Фируза соати сиёсӣ баргузор гардид.  Дар соати сиёсӣ аз ҷониби омӯзгор Бобобеков Хусрав  тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ дар миёни ҷавонон ва пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ  буд. Бинобар ҳамин, зарур аст, ки хонандагони имрӯза бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, муаррифгари давлату миллати худ бошанд. Ҳамчунин дар баргузории Соати сиёсӣ намояндагони шуъбаи ВКД дар ноҳия иштирок намуда, ба саволҳои хонандагон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд.