СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ № 4

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар саҳни ҳавлии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 соати сиёсӣ баргузор гардид. 

Дар соати сиёсӣ аз ҷониби омӯзгор – Ҳамзаев Баҳром директори  муассисаи мазкур   тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ дар миёни ҷавонон ва бо кор таъмин намудани мутахассисони оянда буд. Дар ҷараёни мулоқот омӯзгор аҳли нишастро таъкид намуд, ки ояндаи ободи диёр аз донишу малака ва ҳисси ватандӯстии насли наврас вобастагии амиқ дорад. Бинобар ҳамин, зарур аст, ки наврасону ҷавонони имрӯза ҳамчун мутахассисони оянда ва муаррифгари давлату миллати худ бояд дар иҷрои вазифаҳояшон масъулиятпазир бошанд.