ГИРДУ АТРОФИ ОРОМГОҲҲО ТОЗА ВА МАХКАМ КАРДА МЕШАВАД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25 сентябри  соли равон дар оромгоҳи маҳаллаи Навкорами Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова  бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, сокинони маҳал ва шахсони фаъоли ҷомеа волонтёрони ҳизбӣ барои тозаву озода намудани оромгоҳ, барои дар сатҳи баланд ташкил намудани амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ”  ва  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем! ба ҳашари умумӣ баромада, гирду атрофи оромгоҳро тозаву озода намуда, инчунин дар дохили оромгоҳ  мизҳо барои нишаст сохта шуд, атрои оромгоҳ бо симтур махкам карда шуд. Ҳамзамон дар рӯзи ҳашар эмомхатибон низ иштирок намуданд.