ОРОМГОҲҲО АЗ АЛАФҲОИ БЕГОНА ТОЗА КАРДА МЕШАВАД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25 сентябри  соли равон дар оромгоҳи маҳаллаи Деҳқонободи  Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх  бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, сокинони маҳал ва шахсони фаъоли ҷомеа волонтёрони ҳизбӣ барои тозаву озода намудани оромгоҳ, барои дар сатҳи баланд ташкил намудани амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ”  ва  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем! ба ҳашари умумӣ баромада, гирду атрофи оромгоҳро тозаву озода намуда, инчунин дар дохили оромгоҳ  мизҳо барои нишаст сохта шуд. Ҳамзамон дар рӯзи ҳашар эмомхатибон низ иштирок намуданд.