ТАЪМИР ВА ТАҶДИДИ ТОЛОРИ ВАРЗИШИИ МТМУ №36 АЗ ҶОНИБИ СОБИҚ ХАТМКУНАНДАГОН.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташаббусҳои ҳизбии “Якҷоя месозем!” ва “Мактаби ман” имрӯзҳо аз ҷониби сокинони деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ёвон хуш пазируфта шуда, корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Дар доираи аксияи мазкур бахшида ба таҷлили ҷашни миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони ниҳоди ноҳиявии ҳизб аз рафти таъмир ва таҷдид гардидани толори варзишии МТМУ № 36 дидан намуданд. Толори мазкур дар доираи Амалиёти "Мактаби ман" аз ҷониби хатмкунандагони солҳои 1980 таъмир гардидааст.

Аҳолии маҳаллаи мазкур имрӯз сарҷамъона бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод ба ҳашар баромада, як гӯшаи маҳалро обод намуданд. Ҳизбиёни ноҳия дарҳашари аҳолии маҳалла иштирок намуда, иқдоми сокинони деҳаро бориз ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.