ТАШАБУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ ТАТБИҚ КАРДА МЕШАВАД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташаббусҳои ҳизбии “Якҷоя месозем!” имрӯзҳо аз ҷониби сокинони деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ёвон хуш пазируфта шуда, корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Дар доираи аксияи мазкур бахшида ба таҷлили ҷашни миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи маҳаллаи Навкорами Ҷамоати деҳоти ба номи Г. Юсуфова ва саҳми сокинон, собиқ хатмкунандагони муассиса ва соҳибкорону шахсони эҳсонкор пештоқи қисмати ибтидоии МТМУ № 30 дар доираи Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем" ва Амалиёти "Мактаби ман" таъмир ва пурра битонпӯш карда шуд.

Аҳолии маҳаллаи мазкур имрӯз сарҷамъона бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод ба ҳашар баромада, як гӯшаи маҳалро обод намуданд. Ҳизбиёни ноҳия дар ҳашари аҳолии маҳалла иштирок намуда, иқдоми сокинони деҳаро бориз ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд