ТАҚДИМИ АРОБАЧАИ МАЪЮБӢ АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁН БА МАЪЮБӢ ГУРУҲИ ЯКУМ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва саҳми вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон Раҷабова Муҳайё ва соҳибкори хайрхоҳ ба сокини деҳаи Челонзори Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов Ҷалилов Шарифхон аробачаи маъюбӣ ва як миқдор маводи хӯрока кӯмак карда шуд. Дар рафти тақдими аробачаи маъюбӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат ва вакили Маҷлиси вакилони ноҳияи Ёвон Раҷабова Муҳайё иштирок намуда, иброз доштанд, ки имрӯз давлату ҳукумати кишвар дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ аз ҷумла маъюбонро зери таваҷҷуҳи ҳамешагии худ қарор додааст.