ИВАЗИ НОМ БА ҶОИ ТАҚВИЯТ.

Ёвон: Вокуниш  

Ташкилоти терористи экстремистии мамнуъ гаштаи собиқ ҲНИТ худро “Паймони миллии Тоҷикистон” ва Гурӯҳи 24 бошад худро “Ҷумбиши ислоҳи ва рушди  Тоҷикистон” номгузори кардаанд, ки ин аз надоштани иродаи қавӣ ва аз сиёсат дур бадани аъзоёни ин ташкилотҳо шаҳодат медиҳад.

Имрӯз бархе аз шахсон ва гурӯҳҳои терористӣ ва экстремистӣ ин фазои ороми ҷомеаи Тоҷикистонро чашми дидан накарда, мехоҳанд  дар байни мардум ҳар гуна фитна ва иғво ангехта,  ба ин гуна одамон Муҳиддин Кабири, Муҳаммадиқболи Садриддин,  Шарофиддин Гадоев, ва дигар ҳаммаслакони инҳо, ки аъзоёни фаъоли ташкилоти терористи экстремистии мамнуъ гаштаи собиқ ҲНИТ ва хоинони миллати тоҷик мебошанд ба шумор мераванд.

Дар ҳақиқат зебо гуфтаанд бузургони мо,  ин нафарон ҳамон сагонеро мемонанд, ки устухони соҳибонашонро истифода мебаранду ба гуфтаи онҳо амал менамоянд. Боз ҳадафҳои нопоки ин гуруҳҳои террористӣ ба идеалогияи мардуми мо роҳ меёбад? Не! Агар садҳо  созмону иттиҳодияҳо ташкил диҳанду  дар шабакаҳо иҷтимоӣ ба таври пахши мустақим рӯзҳо ҳатто моҳҳо суханрони намоянд, номи баду аъмоли нопоку фассоди онҳо, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта ба сари миллати тоҷик оварданд, бозҳам муваффақ нахоҳанд гашт, зеро имрӯз симои разилонаи   онҳо ба  тамоми ҷаҳон муарифист.

        Ин хоини миллат дар баромади хеш танҳо ба саволҳо ва пешниҳоди ҳамон муҳоҷироне посух медод, ки аз бесаводи гумроҳ гаштаву ба ақидаҳои аблаҳонаи ин хоинон  рози мебошанд. Вале он нафаре, ки бар зидди суханони онҳо гап мезанад ва аз дастовардҳои Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлоли сухан меронад гуш кардан намехоҳанд ва ҳатто ба занги он нафар ҷавоб намедиҳанд. Ба ақидаи ин касофатҳо гӯё танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷир ҳастанду халос ва муҳоҷир гуреза мебошад.

Дар асл муҳоҷирон гуреза нестанд. Имрӯз давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони тоҷик дар давлатҳои хориҷа, ба як чанд давлатҳои ҷаҳон, махсусан бо Федератсия Россия якқатор шартномаҳои байнидавлатӣ  ба имзо расонидааст. Вақте, ки Тоҷикистони азизи мо  Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард ва орзуи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик амалӣ гашт, ҳамин гуруҳҳои мухолифин, ба мисли ҲНИТ, созмонҳои “Растохез” ва “Лаъли Бадахшон” будед, ки оромиву сарҷамъии миллати тоҷик ва якпорчагии Тоҷикистони азизро нахоста, дар байни аҳоли бар зидди ҳукумат фитна ангехта, дар мамлакат ҷангӣ шаҳрвандиро ба амал овардед.

Маҳз дар солҳои 90-уми асри гузашта аъзоёни Ташкилоти терористи экстремистии мамнуъгаштаи собиқ ҲНИТ бо ҳамин роҳу усул дар масҷидҳо дар байни мардум фитна андохта мардумро бар зидди ҳукумати конститутсиони бароварданд, ки ин ба ҷанги шаҳрванди оварда расонид.

  Мақсади ин гуруҳҳои  терористӣ танҳо ғасби Ҳокимият асту бас. Боз дар андешаи қатли чанд нафар аз мардон, занон ё кудакон ҳастет? Ба андешаи худ “ғамхори миллат”-ед. Чӣ қадар ҷавононро гумроҳ намудед. Боз чӣ нақшаҳо доред.

Ман ҳамчун як ҷавони тоҷик дар мубориза бар зидди чунин созмонҳои терористию экстремистӣ бетараф набуда, ба ҳамсолон ва тамоми ҷавонони Тоҷикистон  ҳаминро гуфтани ҳастам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи давлату миллати тоҷикро ба ҷавонон бовар кардаанд, мо ҷавонон дар баробари чунин дастгириҳои Пешвои миллат, ки нисбат ба ҷавонон доранд, зиракии сиёсиро аз даст надода ба ваъдаҳои дуруғи чунин созмонҳо дода нашуда, пайи ободию созандагии Ватани азиз бо иродаи комил ва дасту дили пок азм намоем.

    Расулов Ғ., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон