ИСТИҚЛОЛИЯТИ КОМИЛИ МИЛЛАТ САМАРАИ ЗАҲМАТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ.

Ёвон: Андеша  

Мутафаккири Шарқ Абўнасри Форобӣ дар бораи бунёди ҷомеаи идеалии «Мадинаи фозила» сухан ронда, андешаҳои сиёсиашро баррасӣ намудааст. Дар саромади «Мадинаи фозила» подшоҳон истодаанд. Ба ақидаи Форобӣ подшоҳ, ки худ донишманд ва хирадманд аст, аҳли ҷомеаро аз паси худ мебарад.

Вобаста ба ташаккули давлати навини тоҷикон андешаронӣ карда, мехоҳам нуқтаи муҳимеро ёдовар созам, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ ба бўҳрони шадид мувоҷеҳ шуда буд. Он замон мамлакат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари маҳв шудан ва аз харитаи ҷаҳон нест гардидани Тоҷикистон ҳақиқати воқеӣ гашта буд.

Дар он лаҳзаи ҳассос барои миллати тоҷик сарваре лозим буд, ки воқеан тафаккури миллӣ дошта бошад ва барои сулҳу Ваҳдат ҷони худро дареғ надорад.

Шахсе лозим буд, ки манфиатҳои миллаташро аз манфиатҳои қавму маҳаллу минтақа болотар донад.

Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби нерўҳои солимфикри ҷомеа баргузор гардид, имконият дод, ки Тоҷикистон соҳиби ҳукумати қонунӣ гардад ва тоҷикон роҳбари хешро интихоб намоянд.

Аввалин даъват дар нахустин рӯзҳои сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон оҳангу таровати миллӣ дошт. Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин қадамҳо тавонистанд, ки дар дили ҳазорҳо ҳамватанони муҳоҷир шуълаи умед бахшанд. Бо фарҳанги миллӣ давлат бунёд карданд, сулҳ офариданд, ваҳдати миллатро таъмин карданд ва баъд аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон ба халқи тоҷик нерӯву тавони дубора бахшиданд.

Аз он давраи ҳассос ва тақдирсоз, ки Эмомалӣ Раҳмон сарварии ҷомеаро ба ўҳда доранд, бо равшанӣ маълум гашт, ки он кас дар сиёсат аз истеъдоди фитрӣ ва аз сифатҳои муҳими сиёсатмадори барҷаста бархўрдоранд. Ҳамин сифатҳои олии фитрӣ боис гаштанд, ки халқи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешво пазируфт.

Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқат ба халқу Ватан, сабру бурдборӣ, эҳсоси дарки авзоъ ва ташхиси иллатҳои он ва истеъдоди интихоби тадбирҳои муфиду муассир, ба вуҷуд овардани ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва дўстию бародарии кулли афроди Тоҷикистонро ҳадафи ҳамешагии хеш қарор додаанд. Он кас аз рўзҳои аввали ба мақоми сардори давлат интихоб шуданашон роҳи ҳалли ихтилоф дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро дар машварат ва гуфтушуниди мусолиҳатомези ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медиданд ва барои амалӣ кардани ин нақшаҳо шахсан саъю талош меварзиданд.

Ин нуқта дар муроҷиатномаи он кас «Ба халқи шарифи Тоҷикистон» аз 12-уми декабри соли 1992 хеле хуб зикр ёфтааст: «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барўманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам. Чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Пешвои миллат кори давлатдориро бо роҳи бунёду барқарорсозиҳо оғоз карданд. Ба вуҷуди ҳама мушкилот, соли 1999 дар маркази пойтахти ватанамон қад афрохтани пайкараи бузурги Исмоили Сомонӣ ба тамоми ҷаҳониён мужда дод, ки миллати куҳанбунёди тоҷик буд, ҳаст ва боқӣ мемонад. Аз ҷониби Сарвари давлат ин иқдом як омили бузурги баланд бардоштани маънавиёти миллии тоҷикон буд. Исмоили Сомонӣ бо фарҳанги баланди худ аввалин давлати тоҷиконро сохта буд, ки ҳанӯз ҳазор сол қабл намуна барои дигарон дониста мешуд. Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори аввалин Асосгузори давлати тоҷикон аст, ки тавонист ин миллатро дар партави фарҳанги волояш аз парокандагӣ наҷот бахшад.

Абдуллозода Саёҳат-узви КИМ ҲХДТ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон