ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲО АСТ.

Ёвон: Андеша  

Сокинони ноҳияи Ёвон дар қатори дигар мардуми шарафманди Точикистон аз соҳибистиқлол гаштани давлату миллати худ ифтихор дошта, бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ барои мустаҳкамии ин дастоварди бузург ҳамеша саъю талош менамоянд.

 

Чун имрўз дар остонаи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон қарор дорем, бамаврид аст ба ёд орем, ки солҳои аввалини соҳибистиқлолӣ барои мардуми кишвар чи қадар солҳои вазнин буданд. Дар он рўзҳои мудҳиш, дар ҳолате ки тифли навзоди Истиқлолият қадамҳои нахустини худро рўи замини ин Ватан мегузошт, ҳизбу ҳаракатҳои оштинопазир ва нерўҳои ба ҳамдигар мухолиф теғ ба сари якдигар кашида, мамлакатро ба гирдоби буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гирифтор намуданд, ки дар натиҷаи он низоъҳои худхоҳона ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳ кушта шуданд ва наздики як миллион нафар мардуми тоҷик гуреза гаштанд, хоҷагии халқи мамлакат ба маблағи 10 миллиард доллари амрикоӣ зарар дида, корхонаю муассисаҳо, шаҳру деҳот валангор ва истеҳсолот аз фаъолият боз монда буд. Дар ҷумҳурӣ деҳа, хона ва оилае дарёфт кардан мушкил аст, ки дар асари даргириҳои дохилӣ хисороти моддӣ ва маънавӣ надида бошад.

Масалан,  дар нохияи Ёвон, ки дар даврони Иттиҳоди Шўравӣ яке аз ноҳияҳои калонтарину овозадор ба шумор мерафт ва дар бунёди иншоотҳои муҳими истеҳсолию манзилии он намояндагони беш аз 23 миллату халқият ҳиссагузор буданд, бар асари он даргириҳои бемаънӣ беш аз 430 нафар сокинон кушта шуданд, 294 манзили истиқоматӣ сўхтаю молу мулки 730 хонавода ба яғмо рафт ва намояндагони дигар халқу миллатҳо аз ҳудуди ноҳияву кишвар фирор намуданд.

Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ садҳо кўдакон ятиму бесаробон монданд ва дар маҷмўъ дар он солҳои пуртаҳлука ба халқи тоҷик хатари гуруснагӣ, пош хўрдани давлати тоҷикон ва шикасти миллати куҳанбунёд ба миён омада буд.

Тақдири баланди миллат будааст, ки фарзанди фарзонаи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вақту соати зарурӣ рўи кор омаду он ҷанги нангини бародаркуш хотима ёфт. Имрўз шукрона мекунем, ки аз файзи Истиқлолият Ватани маҳбубамон рўз то рўз ободу зеботар гашта истодааст. Аз шарофати сулҳу субот аст, ки фарзандони мо бо истифода аз шароити муносиби таълим дар мактабҳо мехонанд, сатҳу сифати донишомўзӣ тадриҷан баланду беҳтар шуда, дар ин самт муваффаҷиятҳо сол аз сол бештар мегарданд. Аз файзи амнияти миллист, ки корҳои созандагиву бунёдкорӣ беш аз пеш вусъати тоза мегиранд ва дар ҳар гўшаву канори мамлакат садҳо корхонаҳои нав ва иншооти замонавии фарҳангиву меъморӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Аз баракати Ваҳдати миллист, ки обрўву нуфуз ва қудрату тавоноии Тоҷикистони мо дар арсаи ҷаҳонӣ баланд гардида истодааст.

Агар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамонро рўйи қоғаз биёрем, чандин китоб навиштан лозим меояд. Гап дар сари он аст, ки мо- сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол чи гуна аз ин пешравиҳо истиқбол мегирем ва оё насли наврасро метавонем дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намуда, ба сўи ободкориҳои тоза раҳнамун созем?

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҳамчун «Насли ояндасоз» ва «ояндаи миллат» ном мебаранд. Чун сарнавишти ояндаи мо ва Ватани мо ба насли ҷавони имрўза вобастагӣ дорад, пас, ҳамаи мо, чи коргару чи деҳқон, чи хизматчии давлативу чи соҳибкор дар баробари омўзгорон масъулияти ба роҳи дуруст ҳидоят кардани кўдакону наврасонро бар дўш дорем. Ин қарзи ватандорӣ ва шаҳрвандии ҳар шахси калонсол аст. Мо бояд бидонем, ки таълиму тарбия танҳо аз мактабу омўзгор вобаста нест. Кўдакон аслан ба муҳити атроф, ҷамъият ва калонсолон тақлид карда, одоби гуфтору рафтори онҳоро такрор мекунанд. Аз ҳамин лиҳоз лозим аст, ки калонсолон дар кўчаву бозор, дар дохили нақлиёти мусофиркашу дар ҷойҳои ҷамъиятӣ намунаи ибрати наслҳои пасоянд бошанд.

Худованди бузург дар китоби Қуръон моро ба он ҳидоят мекунад, ки тинҷиву амният, сулҳу субот, хўрданиву пўшиданӣ, савориву истиқоматӣ ва он чи дар ихтиёр дорем шукргузор бошем, зеро «шукр гўй, неъматат афзун шавад…». Агар дилу нияти мо нек ва мақсадамон саҳм гузоштан дар ободонии ҷомеа бошад, мо аллакай дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият аз худамон саҳме гузоштаем. То замоне ки некандешу хушбин набошем, наметавонем даъвои зиндагии шоиста кунем.

Бояд дар ёд дошта бошем ва ба фарзандон низ бифаҳмонем, ки ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми Тоҷикистон натиҷаи ноогоҳӣ, худношиносӣ, носипосӣ ва ғаразнокии як гурўҳ одамон буд, ки пешравии мову кишвари моро қариб панҷоҳ сол ақиб партофт. Бояд худамон ва фарзандонамонро дар рўҳияи некандешӣ тарбия намоем ва маънии зиндагиро дар некӣ кардан бубинем: некӣ ба ҳамсоя, некӣ ба ҳар як раҳгузар, некӣ ба шиносу ношинос, некӣ ба ҷамъият. Ана дар ҳамон сурат ҷомеаи мо рушд мекунад ва мо сазовори зиндагии шоиста мегардем.

Истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳо аст ва ба қадри он бояд саривақт бирасем. Бо андеша ва кору амали некамон барои ҷовидонагии ин неъмати бебаҳо самимонаву содиқона кўшиш намоем. Тоҷикистон хонаи бузурги мост ва онро танҳо худи мо ободу зебо мекунем.

 

         Раҳматуллоев Мақсуд, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон