НЕЪМАТЕ ХУШТАР ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ.

Ёвон: Андеша  

Мегӯянд, ки таърихе ҷаззобтар аз худи таърих вуҷуд надорад. Таърихро шахсиятҳои барҷаста меофаранд, ки бо андеша, сухан ва аъмоли худ ба зиндагии як халқ ва ё кишвари том таъсири бузург мегузоранд. Онҳо бо зиндагии шоистаи худ ба дигар инсонҳои рӯи замин намунаи ибрат нишон медиҳанд. Аз онҳо чизҳои зиёдеро метавон омӯхт, ба онҳо метавон баробар шуд. Онҳо бо пиндору гуфтор ва рафтори худ собит месозанд, ки агар кас завқу хоҳиш дошта бошад, дар назди худ ҳадафи мушаххас бигузорад ва ҷиҳати расидан ба он саъй ва кӯшиш намояд, роҳи ҳаллу фасли ҳар гуна мушкилот ва иҷрои вазоифи мухталиф, ҳатто бениҳоят мураккаб ва миқёсан бузургро хоҳад дарёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин шахсияти миқёси ҷаҳонӣ дар таърихи миллати тоҷик мебошанд. Сарвари давлат ибораи зеринро дӯст медоранд ва ҳар гоҳ дар мавридҳои мувофиқ онро ба забон меоваранд: «Дар дунё кори намешуданӣ нест, агар завқу хоҳиш бошад». Сулҳи тоҷикон маҳз ба Пешвои миллат мутааллиқ аст.

Дар тӯли 31 соли Истиқлолият таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар Тоҷикистон ислоҳоти бунёдии ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ татбиқ шуданд ва воқеан пойдевори Тоҷикистони навинро, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст, гузоштанд.

Тафаккури стратегӣ, қобилияти пешбинии раванди ҳаводис, сиёсати дурандешона ва озмудашудаи Сарвари давлат, ки рушди босуботи Тоҷикистонро таъмин намудаанд, Эмомалӣ Раҳмонро ба сафи сиёсатмадорони оқил ва боистеъдоди ҷаҳон ворид намуданд.

Истиқлол барои сарҷамъию ваҳдат ва шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб шароити созгор фароҳам овард ва ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии ҳамагонро таҳким бахшид. Ба андешаи шоири зиндаёди тоҷик Лоиқ Шералӣ «Мисли он, ки аз баракати талошҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯҳи Сомониёни бузург пас аз ҳазор сол эҳё ва парчами давлатдории тоҷикон то абад пойдор гардид, ҳамчунон номи ӯ низ дар ҳофизаи наслҳои сипосгузори баъдӣ абадан боқӣ хоҳад монд».

Таҳлили Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ  чун як санаи сарнавиштсози миллату давлат, сабақи таърихиест, ки наслҳои имрӯзу фардо дар кулвори зеҳну тафаккури худ бояд ҳифз кунанду аз он пуштибонӣ намоянд. Имрӯз замзамаи истиқлол  дар қалбу руҳу ҷонҳо бо оҳанги савганди вафодорӣ ба Ватан садо медиҳад. Истиқлолият кафили рушду нумӯи кишвар, таҳкимбахши пояҳои  давлату давлатдорӣ, пойдории арзишҳо ва фарҳангу тамаддуни миллат аст, ки бо заҳматҳои фидокоронаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охири асри бист ба даст омадааст, ки мо имрӯз 31- солагии онро дар фазои сулҳу ваҳдат ҷашн гирифта истодаем.

Истиқлолияти миллӣ нақшбанди  озодӣ, ягонагӣ, оромиш, ҳамсадоиву ҳаммаромӣ ва сафҳаи тозатарини тақдири миллати мост. Оини муҳаббату садоқати халқи тоҷик нав нест, балки мероси зеҳнии ниёгони мост, ки ҳамеша хирадро омили ягонаи созиш ва эҳёгарӣ дониставу ба он такя намудаанд.

Мардуми зафарманду шуҳратёб, аз ҷумла аъзоёни ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар зарфи 31-соли Истиқлолияти давлатӣ  барои таҳкими Истиқлоли миллӣ саҳми намоён дошта, дар тамоми зинаҳои давлатдорӣ муваффақ гардидаанд.

Дар интиҳо бо камоли орзуҳои зиёд аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва шахсан аз номи худам Шумо ва дар шахсияти Шумо кулли мардуми саодатманди кишварро ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ самимона муборакбод намуда, ҷиҳати расидан ба иҷрои рисолати ватандорӣ дар роҳи Истиқлолияти миллӣ муваффақиятҳои беназиро бароятон таманно менамоям.

Раҳматуллоев Мақсуд-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон