СОХТМОНИ ХОНАИ ИСТИҚОМАТӢ БО ДАСТГИРИИ АҲОЛӢ.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар пайрави аз иқдомҳои инсондустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем" дар деҳаи Оби Шифои Ҷамоати деҳоти Норин ба тариқи ҳашар барои сокини деҳаи мазкур акаи Абдулхайр, ки ҳамсарашон маъюби гуруҳи якум мебошад, ки солҳои зиёд дар як кулбаи вайронае умр ба сар мебурданд  хонаи истиқоматии замонавӣ сохта мешавад. Дар сохтмони бинои мазкур саҳми сокинони маҳал, соҳибкорон, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ назаррас мебошад. Акаи Абдулхайр шукргузор аз давлати тинҷу ором ва Пешвои миллат намуда, миннатдории хешро ба ҳамаи ташабускорони ин иқдоми башардустона расонид.