ДАСТГИРИИ ҚИШРИ НИЁЗМАНДӢ АҲОЛӢ АЗ ҶОНИБИ СОКИНОН.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар пайрави аз иқдомҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем" дар деҳаи Наврӯзи Ҷамоати деҳоти Норин ба тариқи ҳашар барои сокини деҳаи мазкур холаи Бибимайрам, ки солҳои зиёд дар як кулбаи вайронае умр ба сар мебурд хонаи истиқоматии замонавӣ сохта шудааст. Дар сохтмони бинои мазкур саҳми сокинони маҳал, соҳибкорон, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ назаррас мебошад. Холаи Бибимайрам шукргузор аз давлати тинҷу ором ва Пешвои миллат намуда, минатдории хешро ба ҳамаи ташабускорони ин иқдоми башардӯстона расонид.