АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “МАКТАБИ МАН” НАТИҶАҲОИ ДИЛХОҲ МЕДИҲАД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб санаи 27 августи соли равон дар асоси нақшаи тасдиқгардида дар қисми зиёди муассисаҳаи таълимӣ амалиёти муштарак зери унвони “Мактаби ман” доир карда шуд. Ин навбат дар МТМУ №41 ноҳияи Ёвон амалиёти мазкур бо иштироки хатмкунандагони солҳои 1991 ва 2003 баргузор карда шуд. Хатмкунандагони мазкур ба нақша гирифта буданд, ки барои беҳтар гардидани шароити таълим дар муассиса саҳми худро мегузоранд.  Дар рафти баргузории амалиёт хатмкунандагон барои мактаби хатм намудаи худ кумак намуда, роҳрави муассисаро зиёда аз 72 м2 кафел харидори намуда, таъмир карда шуд.