ХАТМКУНАНДАГОН САҲМИ ХУДРО ДАР ПЕШРАВИИ МАКТАБҲО МЕГУЗОРАНД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб санаи 27 августи соли равон дар асоси нақшаи тасдиқгардида дар қисми зиёди муассисаҳаи таълимӣ амалиёти муштарак зери унвони “Мактаби ман” доир карда шуд. Ин навбат дар МТМУ №52 ноҳияи Ёвон амалиёти мазкур бо иштироки хатмкунандагони солҳои 1990 ва 1992 баргузор карда шуд. Хатмкунандагони мазкур ба нақша гирифта буданд, ки барои муассисаи мазкур як чанд адад мизу курси таъмин менамоянд. Дар рафти баргузории амалиёт хатмкунандагон барои мактаби хатм намудаи худ зиёда аз 32 адад мизу курси харидори намуда, ба муассиса дастрас намуданд ва хонандагон метавонанд дар соли нави таҳсил аз ин мизу курси самаранок истифода намоянд.