АМАЛИЁТИ МУШТАРАК ЗЕРИ УНВОНИ “МАКТАБИ МАН” ДОИР КАРДА ШУД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб санаи 27 августи соли равон дар асоси нақшаи тасдиқгардида дар қисми зиёди муассисаҳаи таълимӣ амалиёти муштарак зери унвони “Мактаби ман” доир карда шуд. Ин навбат дар МТМУ №65 ноҳияи Ёвон амалиёти мазкур бо иштироки хатмкунандагони солҳои 1998,1995 ва 2002 баргузор карда шуд. Хатмкунандагони мазкур ба нақша гирифта буданд, ки барои муассисаи мазкур як чанд адад мизу курси таъмин менамоянд. Дар рафти баргузории амалиёт хатмкунандагон барои мактаби хатм намудаи худ зиёда аз 40 адад мизу курси харидорӣ намуда, ба муассиса дастрас намуданд ва хонандагон метавонанд дар соли нави таҳсил аз ин мизу курси самаранок истифода намоянд.