БУНЁДИ ДАРВОЗАИ ЗАМОНАВӢ ДАР ДЕҲАИ БАҲОР

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Ҷамоати деҳоти Норин дар даромадгоҳи деҳаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Норин ба ифтихори 35 -солагии Истиқлолияти давлатӣ барои сохтмони дарвозаи замонавӣ хишти асос гузошта шуд. Дарвозаи мазкур дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" бунёд гардида, то ҷашни 31- солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода супорида хоҳад шуд. Ҳизбиёни ноҳия ташаббуси созандаи мардуми деҳаи Баҳорро давоми ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти созандагиву бунёдкории Ватан арзёбӣ намуданд. Сокинони деҳаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Норин дар ҳамаи самтҳо доимо пешсаф буда, ташаббусҳои ҳизбиро дар сатҳи маҳал доимо дастгирӣ менамоянд.