ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИРО ЧУН ГАВҲАРАКИ ЧАШМ ҲИФЗ БОЯД КАРД.

Ёвон: Андеша  

Моҳи сентябри соли 1991 ба мисли дигар санаҳои муқаддаси кишвар дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон бо қабул гардидани Истиқлолияти давлатӣ  бо ҳарфҳои заррин дарҷ гардидааст. Истиқлолияти комили давлатиро дар кишвари мо дар заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидаем.

Дар ҳақиқат ба хости Худованди корсоз ва бахти миллати тоҷик маҳз матонату ҷасорати фарзандаи фарзонаи миллат, сарвари оқилу хирадманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мууҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз мо сокинони Тоҷикистони азиз дар фазои ваҳдату якдилӣ зиндагӣ ва кору фаъолият карда истодаем.

Воқеан, ақлу инсоф ва дилу нияти пок возеҳан шаҳодат медиҳад, ки ҷонисориҳо, азхудгузаштанҳо ва фидокориҳои ин абармарди дунёи сиёсат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба хотири ба ҳам овардани халқи парешонгашта, эъмори Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва баланд бардоштани нуфузу эътибори миллати тамадунофари мо дар арсаи  байналхалқи буду ҳаст. Имрӯз ин ҳама дастоварду пешрафти давлату миллати мо аз шарофати ваҳдати миллӣ ва истиқлоляти давлатӣ мебошад. Бемуҳобот дар ин самт мактаби сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бештари сиёсатмадорони хориҷӣ, ки мардуми онҳо ташнаи сулҳу оромианд, мояи омӯзиш қарор гирифтааст.

Месазад, ки дар ин ҷода мо соҳибватанон барои худ пеш аз ҳама аз дарсҳои худшиносии миллӣ ва ватанпарастии пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақи дастуру ҳикмат бигирем. Дар ёд дошта бошем, ки Пешвои миллат бо ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаашон Тоҷикистонро имрӯз ба сангари ягонаи донишу фарҳанги ҳама порсоён ва тоҷикони ҷаҳон, ҷилвагоҳи воқеии фарҳанги ростини порсии тоҷикӣ табдил додаанд. Аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҷомеа ва қутбнома, асосгузор ва илҳомбахши ғояи ваҳдати миллӣ, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси Анҷумани тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо буда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ҳамчун Пешвои асри 21 ва яке аз 500 мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шудаанд, ки боиси ифтихору сарфарозии мост.

Воқеияти кунуни  инаст, ки биёед ба бетарафи хотима гузошта, бар зидди хурофоту таасуб ва ҷаҳолату мазҳаббозӣ фаъолият нишон диҳем, то тавонем ин сулҳу ваҳдат ва ин Истиқлолияти комили давлатиро мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем, зеро ки расидан ба қадри неъмат неъматҳоро  афзун мекунад. 

Раҳмонзода Муҳаммад-мутахассиси бахши

омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон