ИСТИҚЛОЛИЯТ НАХЛИ МИЛЛАТИ ТАМАДДУНОФАРИ ТОҶИК АСТ.

Ёвон: Андеша  

Бунёди давлати соҳибистиқлол ва ё поӣарҷо нигоҳ доштани Истиқлолияти комили ватан ин кори осону саҳл нест, зеро барои аз даст рафтани Истиқлолияти комили кишвар бадхоҳони миллат, хосса  ҳамватанони мо, ки манфиатҳои шахсии хешро аз имону инсоф ва Истиқлолияту арзишҳои он боло гузошта, ҳазорон нафар ҷавонону наврасони кишварро ба гумроҳи бурданду, хиёнати бузургро бар асолати аҷдодии хеш намуд, куллан  мардуми Тоҷикистонро ба сарсониҳои хонумонсӯз дучори нести намуда, аммо ин афрод намеандешиданд, ки бар ин халқу миллат Худованд бо назари нек назаре дораду ин миллат чандин ҳазорсолаҳо побарҷо буда аст.

Дар воқеъ, оини давлату давлатдории тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо сахтиҳои хоришиканӣ, таназуллу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, бад аз ҳар шикасту инқироз боз эҳёшавии ва камолоти афзунтарро ноил гардидааст. Миллати сарбаланди тоҷик дар тули таърихи чанҳазорсолаи хеш Истиқлолиятро борҳо бохтаву аз давлатдории аҷдоди барканор монда бошад ҳам, онро аз рӯи заковати фитрӣ ва хираду фарҳанги азалӣ бо талошу муборизаҳои ошкору ниҳон гашта ба даст овардааст. Маҳз рисолати Истиқлолияти фарҳангӣ тавонист, ки миллати борҳо аз Истиқлолияту давлатдорӣ маҳрум гаштаи моро боз ба Истиқлолияту соҳибдавлати расонад.

Истиқлолияти давлатӣ арзиши муқаддасест, ки Тоҷикистони маҳбуби моро дар ҷаҳон ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ, соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва ягона муаррифи намуд. Арҷгузорӣ ба арзиши волои Истиқлолияти давлатӣ гувоҳи равшании ҳувияти миллии халқи соҳибтамаддуни Тоҷикистон аст.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ давлат ва миллати мо рӯзҳои душвору пуртазод, равандҳои нави таърих вазифаҳои басо мураккабу масъулиятнок ва вазнинро бурдборона паси сар намуд, бо симои хоси худ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид гардид, ба бунёди рукнҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил шуд, ваҳдату ягонагии худро нигоҳ дошт ва устуворона дар роҳи пешрафту тараққиёт қадам гузошт.

Бо шарофати Истиқлолият ва сулҳу ваҳдат мардуми мо тавонист, ки нақшаҳои азими созандагӣ ва бунёдкориро амалӣ намуд, барои татбиқи ҳадафҳои бузурги созандагӣ камари ҳамату мардонагӣ бубинанд.

Истиқлолият моро ба сӯи асолати милливу ифтихори ватандорӣ роҳнамоӣ кард, барои расидан ба рӯзгори  ободу осуда ҳидоят менамояд ва аз ин нуқтаи назар, мо бояд шукри ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварда, баҳри таҳким бахшидан ба рукнҳои ин арзиши муқаддас нерӯ, ғайрат ва ҳиммати хешро дареғ надорем.

Мирзоев Эраҷ-мутахассиси шуъбаи ташкили ва

кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон