БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО БО СОКИНОН

Ёвон: Андеша  

Дар толори маҷлисии Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх вобаста ба мавзуҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии зуроварӣ нисбати занону духтарон, роҳ надодан ба фарҳанги бегона ва риояи фарҳанги миллӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатӣ, дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх суҳбату вохӯри баргузор карда шуд. Дар баргузории вохӯриҳо намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, вобаста ба мавзуҳои боло зикр суханрони намуданд. Аз ҷониби баромадкунандагон иброз карда шуд, ки имрӯзҳо зуровари нисбати занону духтарон дар қаламрави кишварамон зиёд гардида истодааст. Ҳамзамон пушидани либосҳои ба фарҳанги миллии мо бегона аз ҷониби ҷавондухтарон дар кучаҳо зиёд ба чашм мерасад. Вобаста ба риояи ҳатмии қонунҳои миллӣ ибрози андеша намуда, қайд гардид, ки имрӯзҳо падару модарон нисбат ба таълиму тарюияи фарзандаон ҷидди машғул шаванд. Дар фарҷоми чорабини аз ҷониби иштирокчиён ба баромадкунандагон саволу дархостҳо пешниҳод гардида ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.