ИСТИҚЛОЛИЯТ ПУРАРЗИШТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТИ ТОҶИК МЕБОШАД.

Ёвон: Андеша  

Дар таърихи афкори сиёсӣ андешаҳо дар мавриди хислат, мазмун, таркиб ва хусусиятҳои истиқлолият гуногунанд. Aммo ҷиҳатҳои умумие вуҷуд доранд, ки таълимоти донишмандонро ба ҳам наздик менамоянд.Аксари донишмандон истиқлолияти кишварро дар ду навъи асосӣ: истиқлолияти дохилӣ ва истиқлолияти хориҷӣ тасниф намудаанд. Ба истиқлолияти дохилӣ ғояҳои халқ, конститутсия, қонун, парламент ва ғайраҳоро мансуб медонистанд. Яъне, мавҷудияти чунин институтҳои ҷамъиятию сиёсиро шарти зарурии воқеияти истиқлолият ҳисоб мекарданд. Ба сифати шарти зарурии истиқлолияти хориҷӣ ҳуқуқи комили давлатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ фаҳмида мешавад.Бояд тазаккур дод, ки роҳи ба даст овардани соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ҳарчанд ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди мо ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу бум ва ҳимояи манфиатҳои миллй саъю талошҳои зиёде намудаанд. Ҳамин аст, ки гузаштагонамон дар масири таърих ҳамеша барои ба даст овардани он ҷонфидоиҳои зиёде намуда, ба хотири зиндагии пуршарафи наслҳои имрӯзу оянда хизматҳои шоёне кардаанд.

Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба мо имконият дод, то барон татбиқи барномаҳои бесобиқаи рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ, ки имрӯз симои кишварамонро ба куллӣ дигаргун сохтаанд, талош намоем. Пешрафтҳои дар ин самт бадастовардаамон ҳама самараи истиқлолияти сиёсй мебошанд ва мо акнун вазифадорем, ки онро бо меҳнати фидокоронаю содиқона ба Ватани махбубамон, бо худшиносии баланди миллй ва зиракии сиёсии ҳамешагӣ боз ҳам афзунтару устувортар гардонем.

Аз ин рӯ, барои дар заминаӣ чунин арзишҳо таъмин намудани идомаи раванди пешрафти минбаъдаи истиқлолияти сиёсӣ, минбаъд ҳам оид ба ташаккули ифтихори ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ тамоми шаҳрвандони кишварамон бояд ҷидду ҷахд намоянд.

Яъне, фаҳмиши истиқлолият набояд танҳо як муколамаи расмии ҳукуматӣ бошад, балки он бояд дар байни мардум ба як баҳси хеле амиқу дилчасп ва гуногунпаҳлу табдил ёбад. Имрӯз дар бисёр мамлакатҳои тозаистиқлол мафҳуми «истиқлолият» маҳбубияти зиёде пайдо намудааст ва шаҳрвандон ба он бо эҳсосу самимияти хосса таваҷҷуҳ мекунанд.

Беҳуда нест, ки мафҳуми «истиқлолият» дар амалия ҳамчун истиқлолияти олӣ ва истиқлолияти том истифода бурда мешаваду якеро эълон менамоянду дигарашонро эътироф мекунанд. То имрӯз истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон пазируфтааст, ки ин тақвияти эътирофи истиқлолияти давлатдории миллии мост.

Бо камоли ифтихор эҳсос мекунем, ки имрӯз истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо барои бақои давлату сарзамин, балки барои ҳифзи шараф ва таъмини амалии озодиҳои ҳар як шаҳрванд шароит фароҳам овардааст.

Аз ин рӯ, имрӯз ҳамаи мо вазифадорем, ки давра ба давра барои фароҳам овардани имконияти расидан ба қуллаҳои баланди истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фикрӣ, фарҳангӣ, таъмини шароит барои зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат ва амалӣ гардонидани нияту нақшаҳои неку созандаи ватандорӣ пайваста заҳмат кашему мардумро дар рӯҳияи ватанхоҳию ватанпарастӣ ҳидоят намоем.

       Ғолибҷон Расулов-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти

     Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон