ВОХӮРИИ СУДМАНД БО СОКИНОНИ ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ.

Ёвон:  

Дар доираи нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳои раиси ноҳияи Ёвон бо сокинони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот санаи 11 августи соли равон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов бо иштироки узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро бо сокинони Ҷамоати мазкур вохӯрӣ доир карда шуд.

Ҳамзамон дар вохӯрии мазкур муовини аввал, муовинон,  роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони деҳаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов иштирок намуданд.

Раиси ноҳия дар вохӯрӣ иброз доштанд, ки сокинони ноҳияи Ёвон хосса сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов имрӯз бояд муроҷиатномаи Ҳукумати кишварро вобаста ба истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин хуб дарк намуда, заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии худро самаранок истифода намуда, барои аз ҳар ваҷаб замин гирифтани то се ҳосил ва дар амал татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, ки таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад аз ҳамаи имкониятҳои дар даст дошта истифода намоянд.

Инчунин дар вохӯриии раиси ноҳия сокинони иштирокдошта саволу дархостҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.