ВАРЗИШ ҚОСИДИ СУЛҲУ ДӮСТӢ АСТ.

Ёвон:  

Дар доираи Рӯзи варзишгарон, ки ҳамасола санаи 10 август дар кишвар ҷашн гирифта мешавад, аз ҷониби ниҳоди ТҶҶ "Созандагони Ватан"-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи дӯстонаи Футбол барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон баргузор гардид. Дар мусобиқа 18 дастаҳои футболбозони минтақаҳои гуногуни ноҳия иштирок намуданд. Мусобиқаи мазкур  санаи 9 августи соли равон ҷамъбаст гардида ба се дастаи ғолиб медалу ифтихорномаҳо ва Ҷоми мусобиқа тақдим гардид. Дар воқеъ варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат интихоб гардида, албатта, нақш ва ҷойгоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки ҳамчун ифодакунандаи сиёсати мантиқии давлату ҳукумат ба таҳкими ҳаёти иҷтимоии ҷомеа, ки  асоси онро солимии миллат, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дустӣ  ва тарғиби идеяи миллати солим ташкил медиҳад, асос меёбад. Бо дастгириҳои Пешвои миллат, ҷавонони Тоҷикистони мо дар самти варзиш миёни давлатҳои ҷаҳон ҳамчун кишвари варзишдуст муаррифӣ гардида, варзишгарони тоҷик қадам ба қадам ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд, ки ин ҳама аз шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи гамхориҳои Пешвои миллат дар самти варзиши ҷумҳурӣ дарак медиҳад.