ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ АСОСИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР КИШВАР АСТ.

Ёвон:  

Бо мақсади арҷ гузоштан ба Ваҳдати миллӣ, расидан ба қадри сулҳу салоҳи сартосарии кишвар, пешгирии ҳар гуна хатарҳои таҳдидкунанда ба амнияти давлат аз ҷумла шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон санаи 10 августи соли равон дар толори Кохи фарҳанги ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ варзишгарони ноҳия ҷавонони фаъол, омӯзгорон, раисони Кумитаҳои маҳал ва имомхатибон иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур Сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон полковники милитсия Фидозода Мирзо, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ғуломов Меҳроҷ, роҳбари гурӯҳи ҷавонони Авангарди ВКД Қодиров Фирӯз ва роҳбари гурӯҳи ҷавонони Авангарди шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон иштирок ва суханронӣ намуданд. Чорабинӣ хотирмон гузашта, ҳозирини дар толор ба пешниҳоду саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.