ИҚДОМҲОИ СОЗАНДАГӢ БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз замири халқ сарчашма гирифта, имрӯзҳо ягона ҳизбест, ки миёни халқ робитаи ногусастанӣ дорад. Махсусан татбиқи  аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" дар ноҳияи Ёвон иқдоми созанда ва саривақтӣ дониста шуда, имрӯз дар доираи он корҳои зиёди созандагиву бунёдкорӣ дар сатҳи маҳал ҳамарӯза ҷараён дорад. Иқдоми навбатии сокинони деҳаи Чироғчии Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов дар доираи аксияи мазкур қобили қабул буда, онҳо бо саҳми маҳал пули миёни деҳаро, ки дарозии зиёда аз 80 метр ва паҳноии 2 метр аст, бунёд намуда, роҳи маҳалларо бо оромгоҳи деҳа мепайвандад.