Мавқеи Тоҷикистон дар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм

Ёвон: Андеша  

Нақши худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар таърихи тамадуни башарӣ ҳамчун пойдевори бақои миллат муайян намуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамояд “Миллате ки тафаккури миллӣ таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибони карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккури ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад”.

Бояд зикр намуд, ки маҳалгароӣ , бегонапарастӣ, тамоюлҳои геопалитикии ҷаҳони имрӯза- экстремизм, тероризм ва дигар ҷараёнҳо омилҳои бевоситаи заифкунандаи пояҳои истиқлолияти давлатӣ мебошанд. Сарвари давлат ҳалли масъалаҳои зеринро ҳамчун омилҳо ва заминаҳои пойдор намудани давлати соҳибистиқлол таъкид намудааст.

Ба ин муносибат зарурати ёдрас шудани суханони  ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мағз андар мағзи ҳар фарди худогоҳ ҷой гирифта, ба кору пайкор ба хотири ободии сарзамини аҷдоди даъват мекунанд, эҳсос мегардад: “На теғи Искандари Мақдуни, на тозиёни хунрезии Ибни Қутайба, на қатли оми Чингизхон, на манораҳое, ки дигарон аз сари одам сохтаанд, азму иродаи истиқлолхоҳӣ, давлату давлатдорӣ ва рисолати пояндаи фарҳангии аҷдодони моро шикаста натавонист” .

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зери хатар монда буд. Қувваҳои сеюм барои заиф намудани Истиқлолияти давлатӣ ҳама чораҳои ғаразноки худро андешида буданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон ба масъалаи таъмини ҳуқуқии рушди ҷомеа эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти ҳам миллӣ ва ҳам байналмилали касб намуд. Сулҳу  амнияти ба даст овардаи Тоҷикистонро сиёсатмадорон ва сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳон баҳои баланд додаанд. Аз ҷумла, сарвари Асамблеяи байни парлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Кратов зимни яке аз баромадҳояш, ки дар шаҳри Душанбе соли 2000 баргузор гардида буд қайд кард, ки “Сулҳи ба дастовардаи тоҷикон дар тамоми ҷаҳон чун таҷрибаи нодир эътироф шудааст. Умуман дар тули панҷоҳ соли охир он назири худро надорад. Мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои амалро мебинем”. Мавқеи Тоҷикистонро дар таъмини сулҳу амнияти минтақа ва ҷаҳон аз суханон ва таъкидҳои пайдарпайи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон ба хуби дарк намуд. Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи раванди хатарнок касб намудани экстремизм ва тероризм ҳамчун мавзӯи калиди баҳогузорӣ шуд. Дар воқеъ суистифода аз арзишҳои волои дини Ислом боиси роҳандозии низоъҳои динию мазҳаби ва миллию нажоди дар кишварҳои Ховари Миёна гардидааст. Вобаста ба хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир аз ҷумла таъкид намуданд, ки дар шароити рузафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағиру таҳавулоти босурати он торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байни мазҳаби ва авҷи муташакили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим  ба шумор мераванд.

Ман ҳамчун як ҷавони тоҷик дар мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб зиракии сиёсиро аз даст надода аз дигар ҳамсолони худ даъват ба амал меорам, ки онҳо низ фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифроти нашуда дар гул-гул шукуфоии ватани азизамон Тоҷикистон ва сазовор ҷашн гирифтан ҷашни бузургу муқадаси миллӣ яъне 35 солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.

Расулов Ғ., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон