АМАЛӢ НАМУДАНИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ АЗ ҶОНИБИ СОКИНОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташаббусҳои ҳизбии “Якҷоя месозем!” имрӯзҳо аз ҷониби сокинони деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ёвон хуш пазируфта шуда, корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Дар доираи аксияи мазкур бахшида ба таҷлили ҷашни миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони маҳаллаи Алишер Навоии Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав роҳҳои дохили маҳалла дар масофаи зиёда аз 2 километр азнавсозӣ карда шуда, мумфарш гардид.

Аҳолии маҳаллаи мазкур имрӯз сарҷамъона бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод ба ҳашар баромада, як гӯшаи маҳалро обод намуданд. Ҳизбиёни ноҳия дар ҳашари аҳолии маҳалла иштирок намуда, иқдоми сокинони деҳаро бориз ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.