ЧАРОҒОНКУНИИ РОҲРАВҲО ДАР САТҲИ МАҲАЛ ИДОМА ДОРАД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташаббусҳои ҳизбии “Якҷоя месозем!” имрӯзҳо аз ҷониби сокинони деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ёвон хуш пазируфта шуда, корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Дар доираи аксияи мазкур бахшида ба таҷлили ҷашни миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони деҳаи Зариндашти Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова чароғонкунии роҳравҳо бо маром идома дорад. Ин навбат сокинони деҳаи мазкур роҳи мошингарди самти Ёвон - Абдураҳмони Ҷомиро, ки аз ҳудуди деҳа мегузарад чароғон намуданд.

Аҳолии маҳаллаи мазкур имрӯз сарҷамъона бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод ба ҳашар баромада, як гӯшаи маҳалро обод намуданд.