ҲАМОВОЗИИ ЗИЁД ПАЙДО КАРДАНИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи аксияи ҳизбӣ зери унвони Якҷоя месозем бахшида ба таҷлили ҷашни миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони деҳаи Парчасойи Ҷамоати деҳоти Обшорон  роҳҳои дохили деҳа дар масофаи зиёда аз 1,5 километр  азнавсозӣ карда шуда, мумфарш гардид.

Бояд гуфт, ки дар баргузор намудани ин амали хайру савоб саҳми бевоситаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша, саҳми маҳал ва аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ басо назаррас мебошад.

Аҳолии маҳаллаи мазкур имрӯз сарҷамъона бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод ба ҳашар баромада, як гӯшаи маҳалро обод намуданд. Ҳизбиёни ноҳия дар ҳашари аҳолии маҳалла иштирок намуда, иқдоми сокинони деҳаро бориз ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.