ШОД КАРДАНИ АРВОҲИ ГУЗАШТАГОН РИСОЛАТИ НЕКИ ИНСОНИСТ

Ёвон: Созандагони ватан  

ЁВОН. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои сохтори болоии ҲХДТ ва нақшаи муштараки умумивилоятӣ зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” вобаста ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо бо саҳми аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Хуҷақамбар” дар оромгоҳи деҳаи Қамбарии ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова Аксияи ҳизбии “ниҳолшинонӣ” роҳандозӣ карда шуд.

Дар рафти баргузории шанбегии умумӣ намояндагони ниҳоди ноҳиявии ҳизб, эмомхатибон, ҷавонон, волонтёрон ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуда, бо дастгирии аъзои фаъоли ҳизб, шахсони  саховатпеша зиёда аз 50 бех  ниҳолҳои сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шуд. Ҳамчунин дохил ва атрофи оромгоҳ тоза карда шуда, зиёда аз 20 метр гирду атрофи қабристон бо симтур маҳкам карда шуд.