АКСИЯҲОИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ ТАТБИҚ КАРДА МЕШАВАНД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташаббусҳои ҳизбии “Якҷоя месозем!” имрӯзҳо аз ҷониби сокинони деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ёвон хуш пазируфта шуда, корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Яке аз ташаббусе, ки баҳри мумфаршкунӣ ва сохтмони иншоотҳои гигиенӣ ва дигар инфрасохтори маҳаллӣ гардидааст, ин Аксияи "Якҷоя месозем!" мебошад.

Дар доираи аксияи мазкур бахшида ба таҷлили ҷашни миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони деҳаи "Зулмобод"-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови роҳи дохили деҳа азнавсозӣ карда шуда, мумфарш гардид.

Аҳолии деҳа имрӯз сарҷамъона бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод ба ҳашар баромада, як гӯшаи маҳалро обод намуданд. Ҳизбиёни ноҳия дар ҳашари аҳолии деҳа иштирок намуда, иқдоми сокинони деҳаро бориз ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.