ЭЪТИМОДИ ХАЛҚ КАФОЛАТИ ПИРӮЗИИ МОСТ!

Ёвон: Андеша  

Воқеан, ҳадафи ягонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳид намудани нерўҳои пешбарандаву босалоҳият, ваҳдатсозу сулҳовар, дорои масъулияти баланди давлатсозию давлатдорӣ  ва бо ҳамин роҳ  гузоштани  саҳми арзанда дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Имрўз, яъне баъди бисту панҷ сол, бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ҲХДТ дар раванди таҳаввулоти сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат фаъолона ширкат варзида, дар амалисозии ормонҳои деринаи халқи Тоҷикистон, яъне истиқрори сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ нақши созандаву муассир гузошт ва ин рисолати муқаддасро суботкорона идома медиҳад.

Дар татбиқи ҳадафҳои миллӣ, аз ҷумла истиқлолияти энергетикии кишвар, ки яке аз самтҳои стратегии фаъолияти давлати мо мебошад, ба арсаи озмоиши нангу номуси миллии сокинони Тоҷикистон табдил ёфтани сохтмони Нерўгоҳи барқи обии Роғун саҳми муносиб доштани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳбубияти ин ташкилотро дар миёни мардум боз ҳам бештар намудааст.

Марому мақсади ниҳоии мо ҳамчун аъзои ҲХДТ таъмини ҳаёти хушу босаодати ҳар як фарди ҷомеа мебошад ва дар ин ҷода, мо минбаъд низ дар пайравӣ аз Роҳбари муаззами худ содиқона заҳмат мекашем.

 

Мирзоев Эраҷ- мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон