ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ДОИМО ПОБАРҶО АСТ!

Ёвон: Андеша  

Академик В.О. Ключевский гуфтааст, ки «Яке аз нишонаҳои хоси халқи бузург қобилияти баъди афтодан бархостан аст. Ҳарчанд таҳқири дидааш гарон ҳам бошад, соате фаро мерасад, ки ў тавонашро ба ҳам оварда, дар симои як ё якчанд нафар мардони бузург амалӣ месозад ва он як ё якчанд нафар халқро ба роҳи рости таърихии муваққатан тарккардааш бармегардонад ».

Воқеан, ақлу инсоф ва дилу нияти пок возеҳан, шаҳодати медиҳад, ки  ҷоннисориҳо, азхудгузаштанҳо ва фидокориҳои ин абармарди дунёи сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба хотири ба ҳам овардани  халқи парешонгашта, эъмори Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва баланд бардоштани  нуфузу эътибори  миллати тамаддунофари мо дар арсаи байналхалқӣ буду ҳаст.

Бунёди давлати соҳибистиrлол ва ё побарҷо нигоҳ доштани Истиқлолияти комили Ватан ин кори осон ва саҳл нест, зеро барои аз даст рафтани Истиқлолияти комили кишвар бадхоҳони миллат, хоса, ҳамватанони мо, ки манфиатҳои шахсии хешро аз  имону инсоф ва истиқлолияту арзишҳои он боло гузошта, ҳазорон нафар ҷавонону наврасони кишварро ба гумрохӣ бурдаанд.

Воқеан, Ватан гаҳвораест, ки мо дар оғӯши гарми модаронааш бо ҳазор орзуву умед ба воя мерасем. Ватан сароғози ҳамаи ҳастӣ ва пушту паноҳи ҳар соҳибватан аст. Месазад, ки дар ин ҷода, мо- соҳибватанон барои худ пеш аз ҳама, аз дарсҳои худшиносии миллӣ ва ватандории  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақи дастуру ҳикмат бигирем.

Эраҷ Мирзоев, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон