ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ ТАЪРИХ АСТ

Ёвон: Андеша  

Моҳи сентябри соли 1991  ба мисли дигар санаҳои муқаддаси кишвар  дар саҳифаҳои таърихи  давлатдории тоҷикон бо қабул гардидани Истиқлолияти давлатӣ бо ҳарфҳои заррин дарҷ гардидааст. Истиқлолияти комили давлатиро  дар кишвар мо дар заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидаем.

Дар яке аз ҳикматҳои юнонӣ омадааст, ки «Худоён ба яке истеъдод медиҳанду ба дигаре омади кор. Вале он касеро, ки  ҳам ин даст медиҳаду ҳам он, нафареро, ки нукўаҳволии инсонҳоро аз шахсияти хеш афзалтар медонад, иҷрои кори бузурге насиб мешавад ва ў абадӣ дар ёди халқи хеш мемонад».

Дар ҳақиқат, бо хости Худованди корсоз ва бахти миллати тоҷик чунин шахсияти камназир дар як давраи ҳассоси  таърихӣ сари кор омаду аз баракати мақдамаш неъмату нуру зиё ва сулҳу сафо ба диёри мо омад.

Маҳз матонату ҷасорати фарзанди фарзонаи миллат, сарвари оқилу хирадманд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрўз мо – сокинони Тоҷикистони азиз дар фазои ваҳдату якдилӣ зиндагӣ ва кору фаъолият карда истодаем.

Имрўз ин ҳама дастоварду пешрафти давлату миллати мо аз шарофати ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Бемуҳобот, дар ин самт  мактаби  сиёсии муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон барои бештари сиёсатмадорони  хориҷӣ, ки  мардуми кишварҳояшон ташнаи сулҳу оромианд, мояи омўзиш қарор гирифтааст.

Бошад, ки мо- мардуми тоҷик ва Тоҷикистони имрўз як маром ва як мақсад дошта бошем. Мақсади пойдории сулҳу субот ва ободии Тоҷикистон ба қадри он дастовардҳое, ки  бо заҳмату талошҳои  пайгиронаи  Асосгузори сулҳу вањдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба даст оварда шудаанд, бирасем ва  кўшиш намоем, ки  бо нияти неку кори ҳалол Тоҷикистони маҳбубамонро нумуъ ва шукуфоӣ бахшем. Зеро Тоҷикистон хонаи умеди ҳамаи мост.

Раҳмонзода Муҳаммад- мутахассиси бахши омори Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон