ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси иҷрои дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии ҳизб ва бандҳои нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ҳар моҳ ба ду нафар маъюбон  Юсуфҷони Маҳмадулло сокини ҷамоати шаҳраки Ёвон ва Бекназаров Насрулло сокини ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх  нафақаи ҳизбӣ ҳар моҳ дастрас карда мешавад. Маблағи нафақа ба ҳар кадоми онҳо 500 (панҷсад) сомониро ташкил медиҳад.

Зимни расонидани нафақаи ҳизбӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Раҳматуллоев Мақсуд қайд намуд, ки маъюбону барҷомондагон таҳти ғамхориҳои ҳамешагии Роҳбарияти Олии кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд ва ба онҳо мунтазам кумакҳои молиявӣ расонида мешавад.