САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪМИНИ СУЛҲУ СУБОТИ ТОҶИКОН

Ёвон: Андеша  

Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати тамаддунофару бостонии тоҷик саҳифаи нав боз намуд. Он давлатро аз парокандагӣ, миллатро аз нестӣ наҷот дод, ки бо талошҳо ва корнамоиҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва дар тӯли 31 сол дастовардҳои беназир, зиндагии шоиста, шароити хубу арзанда, оромиву осудагӣ, Ваҳдати комили миллӣ ва ягонагиву муттаҳидиву сарҷамъиро барои ҳар фарди миллат ҳадя намуд. 

Пешвои миллат бо сиёсати хирадмандонаву оқилонаи хеш дар замоне ба сари қудрат омаданд, ки фазои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ин сарзамин фалаҷ гардида, ҳокимияти давлатӣ мутлақо аз байн рафта буд. Ҷавони кордону ботадбир, дурандешу хирадманд дар як муддати кӯтоҳ тавонист ҷангро ба сулҳ ва харобазорро ба гулистон табдил диҳад.

Ривоят аст, ки Худованд дар як аср танҳо барои як қавм ё қабилаи роҳгумзадае дар рӯи замин дӯсти хеш ё сояи худро мефиристодааст, то он миллати роҳгумзадаро роҳнамоӣ кунад. Чуноне ки миллати тоҷик даҳ аср пеш пуштибону сарпаноҳ ва ҳомии худро надошт, то Худованд ба ин миллат Исмоили Сомониро фиристод, ки аз миллати хеш, аз забону фарҳанги ғании ин миллат ҳимоят намояд. Бо гузашти айём аҷнабиён чандин маротиба бар ин сарзамин лашкар кашида, марказҳои илмӣ-фарҳангӣ, шаҳрҳои ободу зебои онро ба харобазор табдил доданд. Мехостанд, забону фарҳанги ин миллатро аз байн баранд, вале ин миллати ҷасуру далер бо тадбирҳои оқилона аз тарафи шахсиятҳои нотакрори таърихӣ тавонист, ки садсолаҳо забону фарҳанги миллии хешро ҳимоя намояд. Ва баъд аз чандин аср Худованд бар сари миллати тоҷик боз сояи хешро фиристод, то ба ин халқи ҷафодидаву роҳгумзада пушту паноҳ, роҳкушову роҳнамо бошад. Замони нангу замони ҷанг буд, замони бераҳмиву қатлу куштор ва замони нобаробариву ноиттифоқӣ буд. Замоне буд, ки шуълаи умед барои зиндагии осоишта дар замири инсоният кайҳо хомӯш гашта буд, то даме ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат интихоб гардиданд.

Ин шахсият дар замири халқ шуълаи умедро дубора барафрӯхт ва миллатро дубора зинда гардонд. Нахустин каломашон “Ман ба Шумо сулҳ меорам” буд ва Ӯ ба ин ваъдаи худ вафо кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва азхудгузаштанҳо борҳо бо мухолифини сиёсии кишвар дар вазъиятҳои бениҳоят мураккаби сиёсиву ҳарбӣ мулоқот намуда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки даст ба дасти ҳам диҳему сарзамини аҷдодии хешро ободу зебо намоем ва ба ин ҳадафи неку инсондӯстонаашон расиданд. Ҳамин аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои миллат медонем.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти талаботи замони муосир барои рушди нерӯи инсонӣ, бахусус тарбияи истеъдодҳои наврасу ҷавон, яъне ба воя расонидани номбардорону ояндаи миллат тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст.

Ҳанӯз соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул шуда буд. Маҳз бо қабули ҳамин санад ташаккули яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон, яъне сиёсати давлатии ҷавонон оғоз гадида, дар заминаи он барои тарбияи инсони комил, ватандӯсту ватанпарвар, содиқу бофарҳанг ва бонангу номус шароит фароҳам оварда шуд.

Мавриди арзёбист, ки дар ҳамаи ақоиди Пешвои миллат роҷеъ ба тарбияи ҷавонон ба назари тозаю таъкиди оқилона бархӯрд менамоем ва ин дастуру ҳидоятҳои саршор аз ҳикмат ба мавзӯи мубрами рӯз – таълиму тарбияи нерӯи ояндасоз, яъне ба ҷавонон бахшида шудааст. Зеро ба фармудаи Пешвои миллат: “Танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо кунад”.

Воқеан, таърих гувоҳ аст, ки илму дониш пойдевори шаъну шуҳрат ва манзалати ҳар як миллат ба шумор меравад. Маҳз дар заминаи илму дониш ҷавонон метавонанд мутахассисони лоиқи давр ба камол расанду дар ҷомеаи пуртаззоди кунунӣ ҷойгоҳи худро пайдо намоянд.

Расулов Ғолиб, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон