БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ЗАРБДОР.

Ёвон:  

Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, Абдуллозода Саёҳат  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Зарбдор” -и маҳаллаи Ҳаёти Нави ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Нахуст раиси ташкилоти ибтидоии "Зарбдор " Узбеков Қамчинхон дар бораи корҳои ба сомон расонидаи ташкилот дар соли ҷорӣ ҳисобот пешниҳод намуда, зикр дошт, ки дар ташкилоти ибтидоии "Зарбдор" 22  нафар аъзои ҳизб муттаҳид шудаанд. Сипас баромадкунандагон оид ба нақши созгори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти давлатдории миллӣ, татбиқи Барномаи ҲХДТ, дастгирии ҳадафмандонаи сиёсати созандаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани иродаи сиёсии халқ, ҳамбастагиву якдилӣ, рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ ҳарф заданд. Аъзои ҳизби ташкилоти мазкур дар музокираи маҷлис иштирок намуда, ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Сипас раис ва муовини раиси ташкилот бо овоздиҳии умумии аъзои ташкилот интихоб гардиданд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоии Зарбдор  имрӯз дар татбиқи амалии Аксияҳои ҳизбӣ аз ҷумла “Якҷоя месозем” басо назаррас мебошад. Аз руйи масъалаи дигари ҷаласа аъзоёни ташкилот номзадии Узбеков Қамчинхонро бори дигар ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии Зарбдор интихоб намуданд. Аз рӯйи масъалаи сеюми рӯзнома нақшаи кории ташкилот дар нимсолаи дуюми соли равон тасдиқ гардида, 2 нафар аъзоёни фаъоли ташкилот ба конференсияи ноҳиявии ҲХДТ пешбарӣ гардиданд.