БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ

Ёвон:  

Дар доираи омодагиҳо ба Конференсияи 20-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх ва Ҳасан Ҳусейнов, семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар кори семинар муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат иштирок намуда, дар бораи ҳадафҳои Оинномавии ҲХДТ, дар сатҳи баланд баргузор  намудани Конференсияи мазкур, иштироки вакилони интихобгардида дар кори Конференсия, роҳандозӣ намудани Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" дар сатҳи маҳал андешаронӣ намуда, раисони ташкилотҳои ибтидоиро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ҷалби саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ба сафи аъзогии ҲХДТ даъват намуданд.