ДАСТГИРИИ ҚИШРИ НИЁЗМАНДИ ҶОМЕА АЗ ҲАДАФҲОИ АСОСИИ ҲХДТ АСТ.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳамарӯза дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ "  шаҳрвандони ноҳия, хосса аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ барои ҳалли масъалаҳои гуногун ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон муроҷиат менамоянд.

Ин навбат дар доираи корбарӣ як сокини ноҳия, Табарова Савриниссо барои роҳнамоӣ, дастгирии иҷтимоӣ муроҷиат намуд.

Мавсуф яке аз занони танҳо ва ниёзмандест, ки барои муолиҷаи фарзанди бемораш, ки аз бемории руҳӣ азият мекашад муроҷиат намуда буд. Бо ташаббуси Кумиати иҷроияи ҲХДТ ва дастгирии бевоситаи бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ин оилаи ниёзманд дар арафаи Иди Саиди Қурбон ба маблағи 1000 сомонӣ кӯмак расонида шуд.

Табарова Савриниссо аз иқдоми мазкур хушнуди намуда, ҳадафи моро давоми дастгириҳо ва сиёсати инсондӯстонаи Роҳбарияти Олии ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи маҳал арзёбӣ намуданд.