МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ҒАЮР-1".

Ёвон:  

Ташкилоти ибтидоии Ғаюр-1 шурӯъ аз соли 2019 таъсис ёфта, то ин замон фаъолияти густурда дорад. Санаи 29 июни соли равон дар доираи ҷадвал маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ баргузор гардид.

Дар ташкилоти ибтидоии Ғаюр-1 маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ибтидоӣ аз рӯйи панҷ масъала мавриди муҳокима ва баррасии аъзоёни ташкилот қарор гирифт:

1. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ

2.  Тасдиқи нақшаи кории ташкилот барои семоҳаи дуюми соли 2022

3. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ

4. Интихоби вакил ба конференсия

5.Масъалаҳои ҷорӣ баргузор гардид.

Аз рӯи масъалаи якуми рузнома ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ТҒаюр-1 аз ҷониби раиси ташкилот Изатов Субҳиддин оид ба фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоии мазкур шунида шуд. Зимни ҳисобот ёдоварӣ гардид, ки аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии Ғаюр-1 ҳамарӯза ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буда, барои омода намудани мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат саҳми назаррас мегузоранд.  Аз руйи масъалаи дигари ҷаласа аъзоёни ташкилот номзадии Изатов Субҳиддинро бори дигар ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии Ғаюр-1 интихоб намуданд.

Аз рӯйи масъалаи дигари рӯзнома нақшаи кории ташкилот дар нимсолаи дуюми соли равон тасдиқ гардида, 10 нафар аъзои ташкилоти ибтидоӣ ҳамчун вакил ба Конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардиданд, ки доир ба масъалаҳои мазкур  қарорҳои дахлдор қабул гардид.