ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ РӮЗИ ЁДОВАРӢ ДАР АМАЛ ТАТБИҚ КАРДА МЕШАВАД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 26 июни соли равон дар оромгоҳи деҳати Баҳори ҷамоати деҳоти Норин бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, сокинони маҳал ва шахсони фаъоли ҷомеа волонтёрони ҳизбӣ барои тозаву озода намудани оромгоҳ, барои дар сатҳи баланд ташкил намудани амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” ва Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя месозем!" ба  ҳашари умумӣ баромада, гирду атрофи оромгоҳро тозаву озода намуда, инчунин дар даромадгоҳи оромгоҳ гулҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабз шинониданд.