МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ЛОИҲАКАШ"

Ёвон: Ҳисобот  

Ташкилоти ибтидоии Лоиҳакаш  шурӯъ аз соли 2018 таъсис ёфта, то ин замон фаъолияти густурда дорад.

Дар ташкилоти ибтидоии Лоиҳакаш маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоӣ аз рӯйи панҷ масъала мавриди муҳокима ва баррасии аъзоёни ташкилот қарор гирифт:

1.Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ;

2.Тасдиқи нақшаи кории ташкилот барои семоҳаи дуюми соли 2022;

3.Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;

4.Интихоби вакил ба конференсия;

5.Масъалаҳои ҷорӣ.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии Лоиҳакаш аз ҷониби раиси ташкилот Раҷабов Исфандиёр оид ба фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоии мазкур шунида шуд. Зимни ҳисобот ёдоварӣ гардид, ки аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии Лоиҳакаш  ҳамарӯза ба садҳо нафар муроҷиати шаҳрвандон ҷавоб гардонида дар доираи ваколатҳои мансабии худ ба сокинон хизматрасонӣ менамоянд. Аз руйи масъалаи дигари ҷаласа аъзоёни ташкилот номзадии Раҷабов Исфандиёрро бори дигар ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии Лоиҳакаш интихоб намуданд.

Аз рӯйи масъалаи дигари рӯзнома нақшаи кории ташкилот дар нимсолаи дуюми соли равон тасдиқ гардида, 1 нафар аъзои ташкилоти ибтидоӣ ҳамчун вакил ба Конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардиданд, ки доир ба масъалаҳои мазкур  қарорҳои дахлдор қабул гардид.