ВАҲДАТ БАХТУ САОДАТИ ТОҶИКОН АСТ.

Ёвон: Андеша  
Ваҳдат! Зери мафҳуми ин вожаи муқаддас ормонҳои дили ҳазорон модарони дар фироқи фарзанд ҷигарсӯхта, оҳи сӯзони падарони аз дарду доғи фарзанди ҷавонмарги хеш афгоргашта, ашки талхи фарзандони падаргумкарда нуҳуфтааст .
Расидан ба ин рӯзгори пурсаодат, ба ин осоиштагиву амният, ба ин зиндагии осудаву ором ва хушбахтии комил, ки ҳама аз баракати Ваҳдат аст, барои халқу миллат ва давлати тозаистиқлоли мо аз масири ҳамвор ва осон ба даст наомадааст . То ба Ваҳдати комил ва сулҳу осоиштагӣ ба даст овардан ҳазорон ҷавонмардони бонангу номуси миллат ҷони азизи худро қурбон намуда, доғи ҳасрати дидори худро дар дили афгори падару модар, дар қалби сӯзони дилбарон ва дили кӯчаку пурумеди фарзандони худ гузошта, ин дунёро бо ормонҳои ношикастаашон , дар лаб каломи сулҳу Ваҳдат падруд гуфтаанд.
Зеро душманони миллату давлати точик дар он замони нобасомониҳои сиёсӣ чун таҷрибаҳои манфури қаблияшон байни бародарони ҳамхун ҳаммиллату ҳамзабон адовату кина ва ҷудоӣ андохта, онҳоро бо ҳиллаву найрангҳои пасипардагӣ зидди ҳамдигар барангехтанд.
Барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ, барои ба пораҳо тақсим намудани марзи барои ҳар яки мо муқаддаси Тоҷикистон, барои аз харитаи сиёсии ҷаҳон абадан нест намудани номи давлати Тоҷикистон дар он айём душманон аз ягон разолат рӯ нагардонданд , бародарро бо бародар душман сохтанд.
Мутаассифона, иддае гумроҳ гашта, ба доми тазвири душман афтоданд ва сӯйи бародарони ҳамватану ҳаммиллати хеш тир андохтанд, аз тири бародари худ ҷон бохтанд, манзилу маъвои якдигарро оташ заданд, бунёди муҳаббату эҳтироми ҳамдигарро сӯхтанд. Ҳазорон ҳамватанони мо аз бародарони ҳаммиллату ҳамватани хеш чун хасми беамон ҳазар намуда, тарки Ватану манзили худ намуданд. Ҳазорон ҳамватанони мо дар диёри ғурбат, дар дил орзуи Ваҳдат ҷон ба Ҳақ супурданд. Ҳазорон ҷавонмардони шуҷои Ватан дар баробари калимаи шаҳодат дар лаб вожаи Ваҳдат, дар қалб орзуи оромиву осоиштагиву амният ҷони азизи худро аз даст доданд
Мардуми парешони гаштаву дар чорроҳаи сарнавишт ҳайронмонда дар он айём мӯҳтоҷи касе буданд, ки онҳоро аз ин вартаи ҳалокат, ноумедӣ, гумроҳӣ ва ҷаҳолат ба сӯйи ҳақиқату адолат, якдиливу Ваҳдат ва бахту саодат роҳнамоӣ кунад.
Маҳз дар чунин як айёми сарнавиштсоз , айёме, ки масъалаи ҳаёту мамоти миллату давлати мо ба миён омада буд, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мардумии миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон аз курсии вакили мардумӣ бо қадамҳои устувор ва қалби аз меҳри Ватан шуълабор ба сӯйи минбари раёсат равона гашт.
Он лаҳзаҳои тақдирсоз ҳеҷ гоҳе аз лавҳи хотирам фаромӯш намегардад, ки ягона воситаи иттилоот аз рӯйдодҳои сиёсиву иҷтимоии мамлакат танҳо шабакаи телевизион буд. Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ , ки лаҳза ба лаҳзаи онро тамошо мекардем, вакилони мардумӣ Эмомалӣ Раҳмоновро раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд. Бо ин интихоби хеш тақдири таърихии миллатро ҳал намуданд . Он наворҳо ҳанӯз ҳам дар фонди тиллоии хотираам маҳфуз аст, ки чӣ гуна аз забони Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз он минбари муқаддас чун пайки нишоту шодмонӣ, чун нӯшдоруе бар ҷони хастаи миллат ин суханон танинандоз гашт: ,,Ман ба Шумо сулҳ меоварам,, , ,,То охирин гурезагон аз мулки бегона ба Ватан бознагардонам, ман худро ором ҳис намекунам,,
Он наворҳо ҳанӯз ҳам аз лавҳи хотирам намеравад, ки чӣ гуна Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Парчами миллатро ба дидагони хеш молида, тарафҳои даргириҳо низ ба ин амал водор намуд. Ин қадамҳои нахустин, вале устувори Роҳбари давлат барои расидан ба Ваҳдати комил буд.
Чӣ қадар мушкил буд, ба ҳам овардани қувваҳои мухолифин ва барқарор сохтани сохти конститутсионӣ дар мамлакат. Марҳилаҳои душвору хатарнокро тай намуд, Роҳбари давлат бо халқу миллати азизи хеш.ва тавонист. .
Оре! Чун вафои мардона ба аҳди хеш сулҳ овард, Ваҳдатро таъмин намуд.Бо заҳаҳмату мушкилҳои зиёд ҳам ки бошад, қувваҳои даргириҳо паси мизи музокирот, гирди хони сулҳу оштӣ нишонд. Марҳилаҳои душвори расидан ба сулҳи сартосарӣ, Ваҳдату якдилӣ, оромиву амнияти Тоҷикистонро бо камоли ҷасорату мардонагӣ, бо ҳисси баланди инсонпарвариву ватандӯстӣ паси сар намуд .
Ашки талхи ятимонро пок намуда, аз чеҳраи ҳазинашон падарона бӯсид, дастони ларзони падару модарони ҷигарсӯхтаро дар панҷаи тавонои худ гирифта, тамаллояшон дод, ҳамватанони ғариби дар мулки бегона хоргаштаро бо муҳаббати падарона ба канор гирифта, ба Ватан бозгардонд.
Таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро, яъне бахшидан авфи гуноҳони ҳамдигар, ба хотири сулҳу амният ва ҳифзи ҳаёти халқу миллат аз баҳри қасду кинаву адовати хеш гузаштанро борҳо аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ таъкид кард .
Дар давоми 25 соли тантанаи Ваҳдату якдилӣ, фазои сулҳу осоиштагӣ зери роҳбарии Пешвои миллат чӣ қадар ободиву шукуфоӣ, пешравиҳо, бунёдкориҳо дар мамлакат ба даст омад .
Пас, чаро имрӯз низ идде аз одамон дар ин айёми осоишта баъзан боз ҳам фирефтаи доми тазвири душманони имрӯзаи давлату миллат гашта, ба муқобили давлати қонунии хеш баромад мекунанд, суханони хоинони миллатро овезаи гӯш намуда, аз ин ҳама ободиву осоиштагӣ ва шукуфоиҳои Ватан чашм мепӯшанд?! Аз берун истода, сӯйи Ватан ва давлати хеш чун ба пайкари модару падари хеш санг мепартоянд? Ин амал кӯрнамакиву носипосӣ ба бахти Худодода мебошад. Зеро Ватан ва давлати соҳибистиқлол доштан, дар фазои сулҳу Ваҳдат умр ба сар бурдан худ як бахти бебаҳо аст. Чунин саодатро халқҳои зиёди ҷаҳон танҳо орзу мекунанду халос.
Аммо мо -кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон сулҳу Ваҳдатро , ки бо баҳои ҷони азизи фарзандони миллат ба даст омадааст, бо тамоми вуҷудамон, бо дилу ҷонамон ҳифз менамоем. Зеро ин арзиши муқаддас гаронбаҳотарин ҳадяи таърих, бебаҳотарин тӯҳфаи тақдир аст, ки бахту саодати мардум, нафаси осудаи модарон, хотири ҷамъи падарон хандаҳои беғаши тифлакон, нигоҳи гарму дилҳои саршори орзуи ҷавонон, ободиву шукуфоӣ ва рушду тараққиёти Тоҷикистон аз он вобастагӣ дорад.
Меҳриниссо Саторова- аъзои фаъоли ҲХДТ, шоира