КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР МАҲАЛ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар деҳаи Сарқамиши Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон бо ҷалби соҳибкорон, шахсони хайрхоҳу саховатпеша ва сокинони маҳал барои таъмири роҳи мошингарди қабристони деҳа ва барои сазовор истиқбол  намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» сокинони маҳалла ба ҳашари умумӣ баромада, зиёда аз 300 метр роҳи қабристонро пурра бетонпуш намуданд.                                                  

 Ҳамзамон, барои иштироккунандагон дар ин амали хайру савоб дастурхон ороста шуд.