ВАҲДАТ САОДАТИ МОСТ

Ёвон: Андеша  

Бисту панҷ сол муқаддам халқи куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ – Ваҳдати миллӣ ноил гардид, ки имрӯз мо ин падидаи бузурги таърихи навини халқамонро бо эҳсоси гарми ватандорӣ ва ифтихору сарафрозӣ таҷлил менамоем.

Ваҳдат арзишмандтарин комёбии халқи тоҷик дар охири асри бист ба ҳисоб рафта, Тоҷикистони азизамон маҳз ба туфайли он ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон эътироф гардид ва мавқеи шоистаи худро дар байни кишварҳои мутамаддин соҳиб шуд.

Ваҳдат дар баробари Истиқлолият нишонаи озодиву ҳувияти миллӣ ва мояи ифтихори ҳар як соҳибватан, рамзи саодат ва шарти асоситарини бақои миллат ва давлати тоҷикон мебошад.

Тамоми мардуми Тоҷикистон ва аз ҷумла ҳизбиён хуб медонед, ки то расидан ба дастовардҳои имрӯза мо чӣ қадар мушкилоти сахту сангинро паси сар кардаем. Роҳи таърихие, ки халқи тоҷик дар бисту панҷ соли  охир тай кард, масири пур аз монеаву мушкилот буд.

 Алалхусус, кишварамон дар солҳои аввали ба имзо расидани созишнои Ваҳдати миллӣ ба марҳалаи мухолифати шадиди дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона ворид гардид.

Хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо бо ҳар роҳ мехостанд давлати навбунёди тоҷиконро аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест кунанд ва миллатро пароканда созанд.

Вале бархилофи ҳадафҳои нопоки хоинони миллат ва баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ қувваҳои солими ҷомеаи мо зери парчами нангу номус ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои ваҳдатофари тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ягонагии миллӣ сарҷамъ шуда, ҷиҳати расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ корномаи бемисл нишон доданд.

 

Саёҳат Абдуллозода- муовини раиси Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон