МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ- ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ЧАНОРО"

Ёвон: Ҳисобот  

Дар доираи ҷадвали тасдиқгардида, дар ташкилоти ибтидоии "Чаноро" маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ баргузор гардид. Дар маҷлис аз 33 нафар аъзоёни ҳизбӣ 32 нафар аъзоёни ташкилоти мазкур иштирок намуданд. Дар рафти маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии "Чаноро" Ситамов Алишер дар назди аъзоёни ташкилот ҳисобот дода, аз ҷониби аъзоёни ташкилот ҳисоботи ӯ қаноатбахш арзёбӣ гардид. Ситамов Алишер дар ҳисоботи яксолаи хеш ёдовар гардид, ки аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии "Чаноро" давоми яксоли фаъолият зиёда аз 52 симчубҳои деҳаи Дастгираки болоро чароғон намуда, зиёда аз 2 километр роҳҳои дохили деҳа сангфарш гардид.

Аз руйи масъалаи дигари ҷаласа аъзоёни ташкилот номзадии Ситамов Алишерро бори дигар ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии "Чаноро" интихоб намуданд.

Аз рӯйи масъалаи дигари рӯзнома нақшаи кории ташкилот дар нимсолаи дуюми соли равон тасдиқ гардида, 2 нафар аъзои ташкилоти ибтидоӣ ҳамчун вакил ба конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардиданд, ки доир ба масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул гардид.