МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ЧАШМАСОРОН"

Ёвон: Ҳисобот  

Дар доираи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ санаи 21 июни соли равон бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Чашмасор"-и деҳаи Чашмасори Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Ҷоиз ба ёдоварист, ки дар ташкилоти ибтидоии мазкур 30 нафар аъзоёни ҳизб муттаҳид гардида, имрӯз ба мардум дар асоси ҳадафҳои Оинномавии ҲХДТ хизматрасонӣ менамоянд. Зимни баррасии ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии "Чашмасор" Қурбонов Аюбхон таъкид гардид, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоии "Чашмасор" пайваста ҳадафҳои созандаи ҲХДТ-ро дар сатҳи маҳал амалӣ менамоянд. Саҳми ҳизбиёни ташкилот дар амалӣ сохтани ҳадафҳои Аксияи ҳизбӣ зери унвони «Якҷоя месозем!» назаррас мебошад.  Зимни баррасии ҳисоботи раиси ташкилот таъкид ва ёдоварӣ гардид, ки  дар доираи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ 3 километр роҳҳои дохилии деҳаи Чашмасор сангфарш гардида, аз 11 километр ба деҳа об оварда шуд. Ҳамзамон дарвозаи замонавӣ ва толори варзишӣ бо  саҳми аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ сохта ба истифода дода шуд.

Аз руйи масъалаи дигари ҷаласа аъзоёни ташкилот номзадии Қурбонов Аюбхонро бори дигар ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии "Чашмасор" интихоб намуданд.

Аз рӯйи масъалаи сеюми рӯзнома нақшаи кории ташкилот дар нимсолаи дуюми соли равон тасдиқ гардида, 3 нафар аъзоёни фаъоли ташкилот ба конференсияи ноҳиявии ҲХДТ пешбарӣ гардиданд. Аз рӯйи масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.