МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ИСТИҚЛОЛ"

Ёвон: Ҳисобот  

Бо иштироки муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Истиқлол”-и деҳаи Ҳасании ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳия маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Нахуст раиси ташкилоти ибтидоии "Истиқлол" Розиқов Саидаҳмад дар бораи корҳои ба сомон расонидаи ташкилот дар соли ҷорӣ ҳисобот пешниҳод намуда, зикр дошт, ки дар ташкилоти ибтидоии "Истиқлол" 33 нафар аъзои ҳизб муттаҳид шудаанд.

Сипас баромадкунандагон оид ба нақши созгори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти давлатдории миллӣ, татбиқи Барномаи ҲХДТ, дастгирии ҳадафмандонаи сиёсати созандаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани иродаи сиёсии халқ, ҳамбастагиву якдилӣ, рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ ҳарф заданд. Аъзоёни ҳизби ташкилоти мазкур дар музокираи маҷлис иштирок намуда, ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Дар ҷараёни маҷлис раис ва муовини раиси ташкилот бо овоздиҳии умумии аъзои ташкилот интихоб гардиданд.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоии Истиқлол имрӯз дар татбиқи амалии Аксияҳои ҳизбӣ аз ҷумла “Якҷоя месозем” басо назаррас мебошад.

Аз рӯи масъалаи дигари ҷаласа аъзоёни иашкилот номзадии Розиқов Саидаҳмадро бори дигар ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии "Истиқлол" интихоб намуданд.Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома нақшаи кории ташкилот дар нимсолаи дуюми соли равон тасдиқ гардида, 3 нафар аъзоёни фаъоли ташкилот ба конференсияи ноҳиявии ҲХДТ пешбарӣ гардиданд.