ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ ТАТБИҚ КАРДА МЕШАВАД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташаббусҳои ҳизбӣ имрӯзҳо аз ҷониби сокинони деҳавву маҳаллаҳои ноҳияи Ёвон хуш пазируфта шуда, корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома дорад.

Яке аз ташаббусеки баҳри сангфаршкуниву мунфаршкунӣ ва сохтумони иншоотҳои гигенӣ ва дигар инфросохторӣ маҳаллӣ гардидааст ин Аксияи "Якҷоя месозем" меӣошад.

Дар доираи аксияи мазкур бахшида ба таҷлили ҷашни миллӣ 35 солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби сокинони деҳаи "Бустон-2" роҳи дохилӣ деҳа азнавсозӣ карда сангфарш гардид.

Аҳолии деҳа имрӯз сарҷамъона бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод ба ҳашар баромада, як гушаи маҳалро обод намуданд. Ҳизбиёни ноҳия дар ҳашари аҳолии деҳа иштирок намуда, иқдоми сокинони деҳаро бориз ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.